Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмон аз Хоруғ боздид мекунад, вале ба чӣ шарт?


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нимаи дуввуми моҳи сентябр аз Хоруғ-маркази вилояти Бадахшон боздид хоҳад кард. Дар ин бора Шералӣ Хайруллоев-вазири дифои кишвар дар ҷаласаи раҳбарони ин вилоят хабар додааст.

Дар ин ҷаласа ёдоварӣ шудааст, ки агар суботи вазъ дар ин минтақа таъмин гардад, боздиди раиси ҷумҳур сурат мегирад. Раҳбарони “Гурӯҳи-20” гуфтаанд, ки оромии вазъ ба нируҳои интизомӣ вобаста аст, зеро онҳо чанд бор оташбасро риоят накардаанд.

23 август дар Хоруғ миёни намояндагони Бадахшон ва вазоратхонаҳои низомии Тоҷикистон дар бораи хуруҷи низомиён аз минтақа созиш ба имзо расид.
XS
SM
MD
LG