Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Мурсӣ режими Сурияро "ситампеша" номид


Муҳаммад Мурсӣ дар Эрон
Муҳаммад Мурсӣ дар Эрон
Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури Миср аз режими Сурия интиқод кард ва онро режими “ситампеша” арзёбӣ кард. Муҳаммад Мурсӣ даъват кард, ки дар ин кишвари диргири ҷанг гузори сулҳомез ба демократия анҷом бигирад.

Мурсӣ, ки рӯзи панҷшанбе дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои адами тааҳҳуд дар Теҳрон сӯҳбат мекард, даъват кард, ки барои пешгирӣ аз хушунат дар Сурия “мудохилаи фаъол” сурат бигирад. Ҳангоми ба забон овардани ин ҳарфҳо ҳайати Сурия толори ҷаласаро тарк кард.

Боздиди Муҳаммад Мурсӣ дар давоми се даҳсолаи ахир нахустин боздиди раҳбари Миср аз Эрон мебошад. Бо вуҷуди ин Мисру Эрон дар мавриди Сурия мавзеъгирии мухолиф доранд.
XS
SM
MD
LG