Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: То охири сол 248 мактаб сохта мешавад


Вазорати маорифи Тоҷикистон ният дорад, то охири соли ҷорӣ 248 мактаби нави таҳсилоти умумиро ба истифода бидиҳад. Гуфта мешавад, ин мактабҳо аз ҳисоби маблағгузориҳои гуногун ва дар тамоми манотиқи Тоҷикистон бунёд мешаванд. Аз ҷумла 1-уми сентябр мактаби байналмилалии президентӣ ба фаъолият оғоз мекунад, ки дар расми ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард.

Ҳамасола беш аз 170 ҳазор кӯдак ба синфи якум мераванд, аммо имсол ба гуфтаи Маҳмудхон Шоев, сухангӯи вазорати маориф, теъдоди хонандагон ба маротиб бештар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG