Қарор аст, имрӯз вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Шӯрои Амнияти Созмони Милал авзоъ дар Сурияро баррасӣ кунад. Қабл аз сафараш ба Ню Йорк, Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия гуфт, ки аз ин шӯро хоҳад хост, ба хотири муҳофизати садҳо ҳазор паноҳанда дар дохили Сурия минтақаҳои ҳоили амн таъсис диҳад. Айни замон 80 ҳазор паноҳанда аз Сурияро Туркия мизбонӣ мекунад ва 130 ҳазор нафар дар кишварҳои дигар паноҳ бурдаанд. Сафири Фаронса дар Созмони Милал, Жерард Ароу гуфт, дар миёни аъзои Шӯрои Амният дар робита ба қазияи Сурия “ихтилофоти амиқи назар” вуҷуд дорад, аммо ибрози умедворӣ кард, 15 узви шӯро дар масоили башарӣ ба тавофуқ бирасанд. Русияву Чин чанд қатъномаи Шӯрои Амният алайҳи Сурияро вето гузошта, гуфтаанд, ки мухолифи ҳаргуна иқдом барои тағйири режими Сурия аз хориҷ ҳастанд.