Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи 2013: Ҳизбҳои мухолиф дар фикри номзадҳои худ ҳастанд


Намояндагони қариб ҳама аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, интихоботи ояндаи президентӣ аз интихоботҳои пешина фарқи зиёд хоҳад дошт ва бо шиддати бештар ҷараён хоҳад гирифт.

Аммо ақидае ҳам садо медиҳад, ки бо вуҷуди ин ва дар ҳоли бетағйир боқӣ мондани қонуни интихобот ва эҳтимоли истифодаи ҳизби ҳоким аз захоири маъмурӣ, натиҷаҳои ин маърака метавонанд аз пеш маълум бошанд.

Шиддати интихоботи ояндаро ҳатто намояндагони ҳизби ҳокими ХДТ низ эътироф мекунад ва мегӯянд, ки пирӯзӣ дар интихоботи оянда ба осонӣ даст нахоҳад дод. Ба ақидаи Усмон Солеҳ, масъули шӯъбаи иттилоот ва таҳлили раёсати ҲХДТ, агар аз як сӯ маърифат ва фаъолиятҳои сиёсии мардум афзоиш меёбад, аз сӯи дигар талоши ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ низ бештар мешавад.

Ба ин далел мегӯяд оқои Солеҳ, ҲХДТ барои он ки мақоми худро дар ҷомеа аз даст надиҳад, барномаҳои интихоботии худро аз ҳамин ҳоло ба иҷро гузоштааст:

“Мо дар ду марҳила омодагиро оғоз мекунем. Дар аввал кори сохторҳои дохилиҳизбиро дар робита ба интихобот ва имкониятҳои онҳо аз назар мегузаронем. Баъдан ба корҳои таблиғӣ дар доираи қонунҳои мавҷуда машғул мешавем. Номзади арзандаи мо дар ин интихобот Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон
Маҳмадалӣ Ҳайитов, аз раҳбарони ҲНИТ
Маҳмадалӣ Ҳайитов, аз раҳбарони ҲНИТ
аст, ки тавассути вакилони Анҷумани ҳизб пешниҳод карда мешавад».

Усмон Солеҳ мутмаин аст, ки татбиқи барномаҳои интихоботии ҲХДТ шароитро барои ғалабаи номзади ин ҳизб дар интихоботи оянда низ таъмин хоҳад кард.

Пӯшида нест, ки ҳизби ҳоким дар интихоботи гузаштаи парлумонӣ нерӯи рақиби асосияш ҲНИТ-ро озмуд ва ба рӯёрӯӣ бо он дар интихоботи оянда низ омода мешавад. ҲНИТ дар интихоботи гузаштаи раёсатҷумҳурӣ ширкати мустақим надошт, аммо акнун мегӯяд, аз ҳоло дар пайи омода кардани номзади худ аст.

Маҳмадалӣ Ҳайитов, муовини раиси ҲНИТ гуфт, ҳоло ҳизбаш дар миёни ҷомеа обрӯи зиёд дорад ва аз тарафи дигар зарфиятҳои зеҳниву молиявии он имкон медиҳад, ки дар ин интихобот натиҷаеро, ки мехоҳад ба даст орад. Аммо, ба ақидаи ҷаноби Ҳайитов номзади ҳизби онҳо ва ё ҳар ҳизби дигари мухолиф танҳо баъди ислоҳоти қонуни интихобот пешбарӣ хоҳад шуд:

«Мувофиқи пажӯҳишҳое,ки таҳлилгарони хориҷӣ ва дохилӣ анҷом додаанд, дар интихоботи ахири парлумонӣ ҲНИТ беш аз 50 дар сади ороро касб кардааст. Ва дар интихоботи ояндаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ агар ҲНИТ бо номзади худ ва ё номзади дигареро пуштибонӣ кард, овозҳои Ҳизби наҳзат на камтар аз 50 дарсад хоҳад буд. Аммо ман боварӣ дорам, ки танҳо дар сурати ворид кардани ислоҳоти лозим ба қонуни интихоботи президентӣ, ба хусус дар моддаҳои вобаста ба участкаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ, чунин натиҷа ба даст хоҳад омад».

ҲУСДТ низ дар интихоботи президентии соли 2006 ширкат надошт. Ҳарчанд пойгоҳи сиёсии ин ҳизб дар ҷомеа чандон густарда нест, гумон намеравад, ки талошҳои мунтазами он барои ҳузур дар ҳаёти сиёсиро ҳизби ҳоким нодида бигирад. Раҳматулло Зойиров, раиси ин ҳизб гуфт, сотсиал-демократҳо
ин дафъа дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд кард ва барномаҳоеро ҳамроҳ бо аҳзоби дигар омода мекунад.

Ҷаноби Зойиров афзуд, ки шароити феълии кишвар эҳтимоли комёбии номзади мухолифонро бештар кардааст: «Имрӯз мавқеи ҳукумат ва мавқеи президенти кишвар нисбати соли 2006 суст аст. Дар давоми ин 7 соли гузашта ягон ваъда ва ягон барномаи худро амалӣ гардонида натавонист. Ва мардум инро ошкор бо чашми худ мебинад ва бо шуури худ дарк мекунад. Ва ин ҳама моро барои иштирок кардан албатта ҳам даъват мекунад ва ҳам маҷбур месозад.»

Аммо соҳибназарон ва таҳлилгарони тоҷик бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳи заифи аҳзоби сиёсии мухолиф ба ҳама гуна муваффақияти онҳо дар интихоботи оянда шубҳа доранд. Саймиддин Дӯстов, масъули созмони иҷтимоии «Индем» мегӯяд, аҳзоби
Саймиддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик
Саймиддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик
мухолифи давлат муваффақ ба тағйири қонуни интихобот намешаванд ва аз он, ки ин қонун ҷараёни интихоботро аз аввал то ба охир зери назорати ҳокимияти иҷроия қарор додааст, боз ҳам номзади ҳизби ҳокими ХДТ барандаи ин маърака эълон хоҳад шуд:

«Ман фикр мекунам, ки дар ҳоли иштироки ҳизбҳои ҳозира ҳизбҳое, ки ба ин система ворид шудаанд ва ҳукумат онҳоро то ҷое контрол мекунад, аслан интихоботро шиддатнок карда наметавонанд. Ва агар шиддатнокиро ҳам агар як гуна мардум эҳсос кунанд, он албатта дар муҳити иттилоотӣ ба таври сунъӣ офарида хоҳад шуд, то мардум бовар кунад, ки дар инҷо интихобот ҳаст. Бидуни тағйирот дар қонуни интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гуна интихоботи шиддатнокро интизор набояд шуд».

Интихоботи ояндаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2013 баргузор хоҳад шуд. Қабл аз ин интихобот дар тӯли солҳои истиқлолияти ин давлат се навбат- солҳои 1994, 1999 ва 2006 интихобот доир шуда, дар онҳо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълии Тоҷикистон пирӯз гашта буд.
XS
SM
MD
LG