Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли СММ ба Теҳрон рафт


Бан Кӣ Мун-дабири кулли СММ
Бан Кӣ Мун-дабири кулли СММ
Рӯзи чоршанбе дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун барои ширкат дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои Созмони кишварҳои адами тааҳҳуд ва музокирот бо раҳбарони Эрон ба Теҳрон ташриф овард. Пешбинӣ мешавад, ки дар аввалин сафараш ба Эрон дабири кулли СММ бо пешвоёни ҷумҳурии исломӣ барномаи ҳастаии баҳсбарангези Теҳрон ва иттиҳоми поймолшавии ҳуқуқи башарро баррасӣ мекунад. Тахмин мешавад, ки мансабдорони эронӣ Бан Кӣ Мунро ба шаҳри таърихии Исфаҳон мебаранд, то ба ӯ ду коргоҳи ғанигардонии уранро нишон диҳанд. Аммо сухангӯи СММ дар шаҳри Нюйорк гуфт, ки дар ҷараёни ин сафар Бан нақша надорад, кадом яке аз коргоҳҳои ҳастаиро назорат кунад. Дар созмони 51-солаи адами тааҳҳуд кишварҳое узвият доранд6 ки худро ба ягон эътилоф марбут намедонанд. Феълан раҳбарии даврии ин созмон бар дӯши Эрон аст.
XS
SM
MD
LG