Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯзи сиёҳи Доғистон


Намое аз Доғистони ноором. Акс аз бойгонӣ
Намое аз Доғистони ноором. Акс аз бойгонӣ

Ду ҳодисаи хунин, рӯзи сешанбеи 28-уми август мардуми Ҷумҳурии Доғистони Русияро такон дод.

Аввал як зани маргталаб, як рӯҳонии бонуфуз дар ин ҷумҳуриро кушта ва дар ҳодисаи дигар, як марзбон бо тирандозӣ ба сӯи ҳамхидматонаш, чанд нафари онҳоро аз пой даровад ва сипас худаш кушта шуд.

Мақомоти расмии Доғистон гуфтанд, як зани маргталаб бо ба кор андохтани бомби бо худ доштааш, Саид Афандӣ Артсаеви 74-сола, сӯфии шинохта дар Доғистонро бо 6 муридаш ҳалок кард. Тасаввуф яке аз шохаҳои Ислом аст, ки дар қарни 9 ба вуҷуд омадааст. Маргталаб бо баҳонаи зиёрати Саид Афандӣ ба хонаи ӯ ворид шуда ва сипас камарбанди таркандаашро мунфаҷир кардааст. Муфаттишон дар ҳоли муайян кардани ҳуввияти ин зан ҳастанд.

Ҳамла ба сӯфии доғистонӣ дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар Тотористон бо муфтӣ Илдус Файзов мулоқот мекард, ки ин рӯҳонӣ дар як ҳамлаи террористӣ дар моҳи июл захмӣ шуд. Владимир Путин дар мулоқот бо гурӯҳе аз рӯҳониёни тотор гуфт, ҷамъияти Русия аз рӯи миллияту мазҳаб тақсим нахоҳад шуд ва “Русияро хонаи ягонаи ҳама” хонд.

Ҳамзистии мазҳабҳо тайи садсолаҳо ба ҳайси яке аз сутуни аслии давлатдорӣ дар Русия хидмат кардааст ва касоне, ки мехоҳанд, ин давлатдориро хароб кунанд, маҳз ба ҳамин сутун зарба мезананд.

Нимаи дуввуми рӯзи сешанбе расонаҳои Русия гузориш доданд, ки як сарбоз дар шаҳри Дарбанди Доғистон ба сӯи ҳамхидматонаш тир андохта ва дасти кам ҳафт нафари онҳоро куштааст. Ин ҷавони марзбон аввал ду ҳамроҳашро дар воҳиди низомие дар рустои Белиҷӣ кушта ва сипас ба қароргоҳи дигар ҳамхидматонаш ворид шуда ва онҳоро, ки баъзеашон аз нерӯҳои махсус будаанд, ҳалок кардааст.

Худи сарбози ҳамлавар дар оташи ҷавобии ҳамхидмати дигараш кушта шудааст. Расонаҳои русӣ гузориш додаанд, ки мумкин аст, сарбози саркашро тундравони исломӣ киро карда бошанд. Пеш аз ин ҳодиса шаби сешанбе дар як фурӯшгоҳи маводи ғизоӣ ва дар шаробфурӯшӣ дар шаҳри Дарбанд ду бомб таркид.
XS
SM
MD
LG