Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доғистон рӯзи хунинеро пушти сар кард


Ду ҳодисаи хунин дирӯз мардуми Ҷумҳурии Доғистони Русияро такон дод. Аввал як зани маргталаб, як пешвои сӯфиёнро кушт ва дар ҳодисаи дигар як марзбон ҳафт ҳамхидмати худро ҳалок кард. Зани маргталаб Саид Афандӣ Артсаеви 74-сола ва пешвои сӯфиён дар Доғистонро бо 6 муридаш дар хонааш куштааст. Ин ҳодиса дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар Тотористон бо муфтӣ Илдус Файзов мулоқот мекард, ки ин рӯҳонӣ дар як ҳамлаи террористӣ дар моҳи июл захмӣ шуд. Владимир Путин дар мулоқот бо гурӯҳе аз рӯҳониёни тотор гуфт:"Ҳамзистии мазҳабҳо тайи садсолаҳо ба ҳайси яке аз сутуни аслии давлатдорӣ дар Русия хидмат кардааст ва касоне, ки мехоҳанд, ин давлатдориро хароб кунанд, маҳз ба ҳамин сутун зарба мезананд." Ба гузориши расонаҳои русӣ дирӯз як сарбоз дар шаҳри Дарбанди Доғистон ба сӯи ҳамхидматонаш тир андохта ва дасти кам ҳафт нафари онҳоро куштааст. Ин сарбоз дар оташи ҷавобии ҳамхидмати дигараш кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG