Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Обама аз паёмадҳои тӯфони Исҳоқ


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама сокинони манотиқи соҳилиро аз хатари обхезии ҷиддӣ бар асари тӯфони Исҳоқ ҳушдор дод ва аз мардум хост, ба муҷарради даъвати мақомот кӯч банданд.Обама дар Вошингтон гуфт, бояд вазъро ҷиддӣ гирифт. Феълан дар аёлоти Луизиана, Миссисиппӣ, Алабама ва Флорида вазъи изтирорӣ ҷорӣ шудааст. Интизор меравад, тӯфони Исҳоқ 7 сол баъд аз тӯфони пурхисораи Кетрин ба минтақаи Ню-Орлеан асобат кунад. Дар он тӯфон 1800 кас ҷон бохта,Ню-Орлеан мувоҷеҳ ба беназмӣ шуд. Обама маъмурияти президенти вақт Ҷорҷ Бушро барои ин интиқод мекард.
XS
SM
MD
LG