Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кондитсионери курраи Замин вайрон мешавад?


Пажӯҳишгарони Амрико мегӯянд, яхи Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ имсол ба ҳадди рекордӣ об шудааст. Ба гуфтаи Маркази миллии пажӯҳиши обу ях дар Амрико, масоҳати ях дар Уқёнуси Арктика тобистони имсол то 410 миллион километри мураббаъ кам шудааст. "Пироҳани" яхини Арктика танҳо соли 2007 ба ҳадди рекордӣ яъне 4,17 миллион километри мураббаъ кӯтоҳ шуда буд. Тед Скамбос, мутахассиси амрикоӣ гуфт, мумкин аст, гармоиши курраи Замин, сабаби обшавии босуръати ях дар Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ бошад. Ба гуфтаи донишмандон, ин уқёнус як навъ кондитсионери курраи Замин аст.
XS
SM
MD
LG