Созмони Милали Муттаҳид дар як гузориши тозае гуфт, агар тадобири фаврӣ барои беҳбуди шароити зист дар Навори Ғазза андешида нашавад, ин минтақа то соли 2020 дигар қобили зист нахоҳад буд. Бино бар ин гузориш, зербунёдҳои аслии марбут ба таъмини об, хадамоти беҳдоштӣ ва мактабу маориф дар Навори Ғазза “қодир ба таъмини аҳолии афзояндаи Навори Ғазза” нестанд. Созмони Милал мегӯяд, то 8 соли дигар аҳолии Навори Ғазза аз як миллиону 600 ҳазор нафар ба 2 миллиону сад ҳазор нафар хоҳад расид ва барои ҳамин бояд теъдоди мактабҳо ду баробар афзоиш дода шавад. Дигар ин ки ягона таъсисоти тафсияи об дар Ғазза мумкин аст, то соли 2016 аз кор бимонад. Исроил баъди ба қудрат расидани Ҳамос дар Навори Ғазза ин минтақаро ба муҳосира гирифт, то ба гуфтаи он монеъи расидани силоҳ ба дасти ин созмони тундрав шавад.