Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форуми Стокҳолм мушкили "Роғун"-ро ҳал мекунад?


Форуми об дар Стокҳолм мумкин аст, шеваи ҳалли мушкили Роғун миёни Тоҷикистон ва Узбакистонро фароҳам орад.

Барои Ҷавоҳирлаъл Неҳрӯ, яке аз бунёдгузорони Ҳиндустони мустақил ҳалли мушкили обу энержии як кишвари бузург бо истифода аз обанборҳо ин қадар муҳим буд, ки вай сарбандҳоро “ибодатгоҳҳои нави Ҳинд” меномид.

Барои аксари кишварҳои тозаистиқлоли Осиё ва Африқо, ки зери таъсири Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, тарҳҳои бузурги тавлиди барқи арзон ва электриконии мамлакат ба маънии боло бурдани арзишмандии худ буд. Даҳсолаҳо баъдтар сарбанду обанборҳо зидди мувозанати экологӣ ва мояи баҳсҳои байнидавлатӣ ном гирифта, саҳми онҳо дар тавлиди нерӯи барқ дар ҷаҳон коҳиш ёфт.

Аммо имрӯз, дар пасманзари мухолифати афзояндаи мардумӣ бо нерӯи ҳастаӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, коршиносон мегӯянд, барқи обӣ дубора мӯд мешавад. Ба ин сабаб он ба яке аз мавзӯъҳои асосии Форуми об дар Стокҳолм табдил ёфтааст.

Ана Каскао, коршиноси Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии об дар Стокҳолм ва яке аз ташаббускорони Ҳафтаи ҷаҳонии об масъаларо ин гуна шарҳ медиҳад: "Бо далелҳои қавие ақидаҳо тағйир кардаанд. Як замон ҷаҳон зидди сарбандҳое буд, ки метавонистанд, пайомадҳои манфӣ дошта бошанд. Аммо дар даҳ соли гузашта вазъ дигар шуд. Мо фикр кардем, ки набояд ҳамаи обанборҳо яксара бад бошанд. Агар онҳо ба таври дуруст тарҳрезӣ шаванд ва ҳимояти дуруст дошта бошанд ва ҳам вазъи экологиро дар назар гиранд ва ҳуқуқи инсон риоят шавад, чӣ бадӣ доранд? Дар чунин ҳол онҳо барои кишварҳо фоида хоҳанд овард.”

Хонуми Каскао ба имкониятҳои азими нерӯгоҳҳои барқи обӣ ишора мекунад ва мегӯяд, онҳо нерӯи аз лиҳози экологӣ тоза тавлид мекунанд. Ба қавли ӯ, фоҷиаи нерӯгоҳи ҳастаии Фукушимаи Ҷопон дар соли гузашта бори дигар безарарии нерӯгоҳҳои барқи обиро исбот кард. Аз сӯи дигар, вай ба он таъкид намуд, ки обанборҳо ҳамчунин абзоре барои танзими маҷрои об, ҳифз ва истифодаи оқилонаи он дар риштаи кишоварзӣ хоҳанд буд.

Аммо аз он ҷо, ки дарёҳо аз як кишвар ба кишвари дигар мерезанд, бунёди обанбор дар онҳо аксаран баҳсҳои байнулмилалиро ба миён меорад. Барои намуна, солҳост, Эрону Афғонистон сари рӯди Ҳилманд, ки аз Эрон ба Афғонистон меравад, гуфтушунид доранд. Эрон мехоҳад, дар ин рӯдхона чанд обанбор созад ва худи Афғонистон дар он обанбори “Каҷакӣ”-ро бино кардааст.

Коршиносони байнулмилалӣ ҳангоми баррасии чунин мавзӯъ аз баҳси байни Тоҷикистону Узбакистон сари тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун низ ёд мекунанд. Тарҳеро, ки қаблан, дар замони шӯравӣ
ҳарду кишвар писандида буданд, имрӯз Тоҷикистон сохта наметавонад, зеро Узбакистон ҳамчун кишвари поёноб ба он мухолиф аст. Созмони Милал соли ояндаро Соли Ҳамкориҳо дар риштаи об эълон хоҳад кард, то кишварҳоро ба адлу инсоф дар ин ришта даъват кунад.

Андерс Йегерског, таҳлилгари масъалаҳои об ва амнияту мудирияти он дар Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии об дар Стокҳолм бар ин аст, ки ҳайатҳои Осиёи Марказӣ барои ҳифзи манфиатҳои худ дар ин баҳсҳо дар соли оянда омодагии қавӣ мебинанд: "Баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тамоми талошро доранд, ки соли 2013 Соли Ҳамкориҳо дар риштаи об эълон шавад. Форуми Стокҳолм яке аз омодагиҳои муҳим дар арафаи ин сол аст. Кишваре, ки беш аз ҳама барои ин талош кард, Тоҷикистон аст.”

Йегерског афзуд, аз эҳтимол дур нест, ки баҳсҳои Стокҳолм заминаеро барои ёфтани ҳалли солими масъалае, ки акнун Тоҷикистону Узбакистон даргири он шудаанд, пайдо кунад. Аммо ин аз бисёр ҷиҳат ба иродаи аъзои дигари ҷомеаи ҷаҳонӣ бастагӣ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG