Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздон медали олимпии варзишгари русро рабуданд


Дастаи мунтахаби баскетболи Русия дар бозиҳои олимпии Лондон
Дастаи мунтахаби баскетболи Русия дар бозиҳои олимпии Лондон
Дастаи баскетболи шаҳри Химкии Русия аз дуздон хоҳиш кардааст, медали биринҷии бозиҳои олимпии Лондонро, ки аз хонаи яке аз варзишгарони ин даста рабудаанд, ба соҳибаш баргардонанд. Виталий Фридзон дар баробари дастаи Химки дар мунтахаби баскетболи Русия ҳам ҳунарнамоӣ мекунад. Рӯзи душанбе ӯ эълон кард, ки охири ҳафтаи гузашта дуздон аз хонааш дар шаҳри Химкии канори Маскав медали биринҷии бозиҳои олимпии Лондон, соати гаронбаҳои швейтсарӣ ва дигар таҷҳизоти электрониро ба яғмо будаанд. Дастаи Химки дар изҳороташ ба дуздон муроҷиат карда, мегӯяд:”Илтимос, медалро ба Виталий баргардонед! Ӯ барои ин медал чандин сол заҳмат кашидааст”.Муфаттишон таҳқиқи қазияро шурӯъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG