Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қорӣ Вадуд озод ва дар вазифааш барқарор шуд


Марзи Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Дарвоз
Марзи Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Дарвоз

Бовар меравад, ки ӯро бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар пайи шурӯи ҳаводиси Хоруғ боздошт карда буданд.

Қорӣ Вадуд, қумандони амниятии вулусволии Шуҳадои Бадахшони Афғонистон, ки моҳи август боздошт шуда буд, яке аз ёздаҳ фармондеҳе унвон мешавад, ки дар феҳрасти ҷустуҷӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон қарор дорад. Мақомоти Афғонистон расман иттилоъ дода буданд, ки боздошти ӯ бар асоси пешниҳоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай сурат гирифта буд.

Тибқи ин манбаъ, Тоҷикистон ба Афғонистон феҳрасти 11 қумандони афғонро таслим кардааст, ки ба гумони Душанбе дар “аъмоли террористӣ ва ҳам қочоқи маводи мухаддир” даст дошта, бо гурӯҳҳои ҷангӣ дар хоки Тоҷикистон ҳамкорӣ мекардаанд.

Манбаъи мо дар мақомоти амниятии Афғонистон, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, сабаби раҳо ва дар вазифа барқарор шудани Қорӣ Вадуд равобити хеле қавии ӯ бо қочоқбарони муҳими Афғонистон аст, ки тавонистанд ҳатто дар парлумон истеъфои Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири корҳои дохилӣ ва Абдураҳими Вардак, вазири дифоъи ин кишварро матраҳ кунанд ва то ҷое муваффақ шаванд. Вай афзуд, Қорӣ Вадуд аз фармондеҳони Ҳизби исломии Гулбуддин Ҳикматёр аст, ки бо хадамоти махсуси Покистон ҳамкорӣ мекунад.

Баъд аз шурӯи амалиёти вижаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ расонаҳои расмии Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки рӯзи 24-уми июл Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ бо президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай роҷеъ ба вазъи Бадахшон ва хатароти эҳтимолии убуру мурури марзи муштарак аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи тоҷик радду бадал кард.

Рӯзи 25-уми июл Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири умури дохилии Афғонистон ва Раҳматулло Набил, раҳбари амнияти миллии Афғонистон сафаре ба Тоҷикистон доштанд ва бо президент Раҳмон ва дигар мақомоти амниятии Тоҷикистон доир ба тақвияти амнияти марзи ду кишвар, ба вижа дар вилояти Бадахшон гуфтугӯҳое анҷом доданд.


Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ Шамсурраҳмони Шамс, муовини волии Бадахшони Афғонистон хабари озод шудани Қорӣ Вадудро тасдиқ кард ва гуфт:


  • Қорӣ Вадуд ду-се рӯз қабл аз ҳабс раҳо шуд, вале гуфта наметавонам, ки воқеан ҳам дар вазифааш барқарор шуд, ё на. Намедонам, ки ба хотири чӣ дастгир шуда буд.

Ба иттилои Шамсурраҳмони Шамс, дар пайи шурӯи амалиёти вижаи нирӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон дар Хоруғ, “қувваҳои ҳукуматии Афғонистон ҳам омодагӣ доштанд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар гуна мудохила аз он тарафи марз назорати сарҳадҳои Бадахшонро таъмин кунанд”. Дар саволи Озодӣ оид ба эҳтимоли таҷаммӯи нирӯҳои шӯришӣ дар наздиктари марз бо Тоҷикистон, аз ҷумла аз миёни силоҳбадастони Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, чунин посух дод:


  • Дар Бадахшон онҳо ҳеҷ пойгоҳе надоранд. Танҳо дар вулусволии Вардуҷ, ки наздик ба марзи Покистон аст, теъдоде аз Толибон он ҷо ҳузур доранд. Инҳо мардуми дохилӣ ҳастанд, на хориҷӣ.

Аз рӯи иттилои Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, як сабаби ба Хоруғ кашида шудани нирӯҳои ҳукуматии ин кишвар баъди 21 июл, таърихи кушта шудани сардори Раёсати амнияти милии Бадахшон генерал Абдулло Назаров, таҷаммуи 1500 афроди силоҳбадаст дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон дар хоки Афғонистон аст. Дар изҳороти ин марказ ҳам гуфта мешуд, ки ин шумори силоҳбадастон бо ҳадафи рахнаи марзи Тоҷикистон дар он ҷо таҷаммӯъ карданад.

Тибқи иттилои манобеи ҷудогона, мақомоти Кобул барои тақвияти марзҳои шимолии Афғонистон бо Тоҷикистон ба сарҳад нирӯи бештар сафарбар кардаанд. Як манбаи радиои Озодӣ, ки аз додани тафсилоти бештар худдорӣ кард, гуфт, ки “як ҳафта-даҳ рӯз ба ин сӯ” нирӯҳои ҳукуматӣ дар марзҳои шимолии кишвар таҷаммӯъ кардаанд. Вай гуфт, бовар меравад, ки иттилое роҷеъ ба фаъолшавии ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ба даст омадааст. Тасдиқи ин хабар аз роҳи манобеи мустақил имкон надорад.

Ҳаракати исломии Ӯзбакистонро як бахше аз шабакаи террористии Толибон меноманд, ки бештар аз ҳисоби ҷангиёни Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ташкил шуда, ҳадафашон ташкили ноамнӣ дар қаламрави ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ мебошад.
XS
SM
MD
LG