Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Хатлон: "Тасмими мо барои танзими бозори дохилист"


Мақомоти вилояти Хатлон содироти ғалладона ба Афғонистону Узбакистонро манъ кардаанд.

Раёсати кишоварзии ин вилоят мегӯяд, ки то миёнаҳои моҳи август хоҷагиҳои деҳқонӣ гандуми худро ба ду кишвари ҳамсоя Афғонистону Узбакистон содир мекарданд. Муовини сардори Раёсати кишоварзии ин вилоят Тоҷиддин Содиқов ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки содироти ғалладона ба берун барои он манъ карда шудааст, ки бозорҳои дохилии кишвар бо ғаладдонаву орд таъмин бошанд.

Ба иттилои Раёсати кишоварзии ин вилоят, қаблан ба Узбакистону Афғонистон гандум содир карда шуда, дар иваз маводи сӯхт ва масолеҳи сохтмонӣ ворид карда мешуд ва акнун барои як давраи муваққат ин табодул манъ карда шудааст.

Таҳлилгарони масоили иқтисодӣ ин тасмими ҳукумати вилояти Хатлонро дар пасманзари камбуди ҳосили ғалла дар ҷаҳон бар асари хушксолӣ ва ба таври рӯзафзун боло рафтани нархи орд дар Тоҷикистон, иқдоми ба маврид медонанд.

Ҳакими Даврон, коршиноси масоили иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, ки чунин таҷриба роиҷ аст, ки барои таъмини бозори дохилӣ бо маводи мавриди ниёзи мардуми худ, ҳукуматҳои кишварҳо аз содироти он худдорӣ мекунанд: «Ду сол
пеш Русия ҳам барои таъмини бозори дохилии худ бо гандум, ба ин иқдом даст зада буд. Ҳоло ин иқдоми вилояти Хатлон саривақтӣ аст. Зеро кишварҳои истеҳолкунандаи гандум, аз ҷумла Қазоқистон ҳосили ками гандум дар нисбати ҳамин соли гузашта бардоштаанд. Қазоқистон ба ҷои 14 милиони тонна дар ин сол ҳудуди 12 миллион тонна гандум ҷамъоварӣ кард, ки албатта дар содир кардани ғалладона ба Тоҷикистон таъсир хоҳад гузошт.»

Ҳакими Даврон меафзояд, ки ба иттилои Барномаи озуқаи СММ, 60 дарсади ғизо ё каллорияи рӯзонаи мардуми Тоҷикистон аз ҳисоби маводи ордӣ буда ва он яке аз хӯришҳои аслии мардуми ин минтақа ба шумор меояд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна гандум ниёз дорад. Аз ин миқдор ҳудуди 800 ҳазор тонна гандум дар дохили кишвар истеҳсол мешавад ва дар ҳудуди 800 ҳазор тонна гандуму ордро Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мекунад.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, мизони ворид шудани орду гандум аз Қазоқистон ба Тоҷикистон дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Мақомоти кишоварзии вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҷамъоварии ғалладона то ин давраи соли равон наздики 3500 тонна будааст.

Раҳматулло Қобилов, як соҳибкор дар вилояти Хатлон мегӯяд, аз як сӯ коҳиши воридоти орд ба Тоҷикистон ва аз тарафи дигар суди андаки кишти ғалладона, деҳқонро водор кардааст, ки ба кишти дигари навъи донагӣ даст занад: "Одамони серфарзанд дар моҳ ду халта гандумро орд мекунад, ки солона 24 халтаро ташкил медиҳад. Аз замини назди ҳавлӣ, аз 8
Дар чанд рӯзи ахир нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон ба осмон дакка хӯрдааст.
Дар чанд рӯзи ахир нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон ба осмон дакка хӯрдааст.
халта гандум ё ҳудуди 400 килограм зиёд истеҳсол намешавад. Кишти гандум ва парвариши он маблағи харҷшударо бароварда намекунад. Баъзе деҳқонҳо аз ғаллакорӣ даст кашидаанд."

Созмони ҷаҳонии озуқа мегӯяд, ки дар соли равон бар асари хушксолӣ агар истеҳсоли гандум кам ба даст омада бошад, вале талабот ба он дар ҳоли афзош аст. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин кишвар талабот ба гандум аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна расидааст.

Бинобар камбуди орд дар бозорҳои Душанбе, дар рӯзҳои иди Фитр ба фурӯшандаҳои орд иҷоза дода нашуд, ки аз даҳ кило бештар ба ҳар харидор орд бифурӯшанд. Дар ҳоли ҳозир аксар дӯкону анборҳои ордфурӯшии Душанбе тақрибан холист. Танҳо дар баъзе аз дӯконҳо ордҳои маҳаллӣ ба фурӯш гузошта шудааст, ки қиматаш аз 135 сомонӣ болост ва сокинон аз сифати пасти он шикоят доранд. Нархи орди босифати қазоқӣ бошад то 145 сомонӣ боло рафта ва хеле камчин шудааст.
XS
SM
MD
LG