Рӯзи шанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Ҷумҳурии Федералии Олмон Дирк Нибелро ба ҳузур пазируфт.
Ба навиштаи дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётию транзитӣ бо назардошти имконоти фарохи бозорҳои Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ зоҳир карда шуд.
Дирк Нибел таъкид дошт, ки Олмон ба дастгирии лоиҳаҳои зербиноии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, ки ба рушди кулли минтақа нигаронда шудаанд, манфиатдор аст.
Ба гуфти ӯ, Олмон ба Тоҷикистон дар пурзӯр намудани ҳифзи сарҳадаш бо Афғонистон, дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирӣ аз паҳншавии хатари терроризму ифротгароӣ кумаки худро ҳамоно идома медиҳад.