Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико "Apple" "Samsung"-ро шикаст дод


 Телефони бесими Samsung Galaxy S III
Телефони бесими Samsung Galaxy S III
Додгоҳи федералӣ дар аёлати Калифорнияи ИМА ширкати Самсунг(Samsung)-ро бо истифодаи ғайриқонунии дастовардҳои ширкати Эпл(Apple) айбдор дониста, ҳукм баровард, ки Самсунг ба Эпл як миллиарду 50 миллион доллари амрикоӣ ҷарима супорад. Ба қавли додрасҳо баъзе фанновариҳои ширкати Эпл, ки дар телефони айфон (iPhone) ва дигар ҷиҳози инновативии Эпл истифода шудаанд, аз тарафи Самсунг бидуни пардохти ҳаққи муаллиф нусхабардорӣ шудааст. Баҳси истифодаи ғайриқонунии моликияти зеҳнӣ миёни ширкати амрикоии Эпл ва ширкати Самсунги Кореяи Ҷанубӣ дар чанд кишвари дигари олам ва аз ҷумла Британия, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ ҷараён дорад.
XS
SM
MD
LG