Пайвандҳои дастрасӣ

Ба интихоботи Беларус 362 номзад роҳ ёфт


Александр Милинкевич
Барои ширкат дар интихоботи парлумонии Беларус 362 номзад сабт шудаанд. Интихоби 110 вакили маҷлиси Беларус рӯзи 23 сентябр баргузор хоҳад шуд. Мақомот мегӯянд, 124 дархости номзадиро радд ва 7 довталабро аз сабқат берун кардаанд. Мақомоти интихоботӣ аз ҷумла номзадии мухолифи маъруф Александр Милинкевичро ба далели ироаи иттилоъи нодуруст дар бораи дороиҳо ва корношоямии бахши аъзами имзои тарафдоронаш радд кард. Милинкевич ин тасмимро сиёсӣ номида, гуфт, аз он шикоят хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG