Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 16 ҷангӣ дар Вазиристони шимолӣ


Мақомоти Покистон мегӯянд, дар 3 ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини эҳтимолан амрикоӣ дар минтақаи қабиланишини бо Афғонистон ҳаммарзи Вазиристони шимолӣ дастикам 16 ҷангӣ кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти иктишофӣ, ин ҳамлаҳо дар манотиқи Макай, Данда ва Даринаштар дар кӯҳҳои Шавол сурат гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки Исломобод ба нишони эътироз ба чунин ҳамлаҳо дипломати амрикоиро ба ҳузур фаро хонда буд. Мақомоти амрикоӣ ҳавопаймоҳои бесарнишинро василаи муҳиме барои таъқиби ҷангиёни Толибону Ал-Қоида ва гурӯҳҳои дигари тундрав мешуморанд.
XS
SM
MD
LG