Хабаргузории расмии «Ховар» хабар дод, ки 250 тан аз нирӯҳои давлатӣ савори 9 КАМАЗ рӯзи 23 август Хоруғро тарк кардаанд. Сухангӯи пулиси вилояти Бадахшон Мизроб Доробов гуфтааст, ки дирӯз тамоми ҳарбиёне, ки дар дидбонгоҳо мустақар буданд, низ берун рафтаанд. «Ховар» менависад, «ҳама донистанд, ки куштори собиқ қумандони мухолифин(Имомназар Имомназаров – Радиои Озодӣ) амали ноҷавонмардонаи тарафи сеюм аст.» Қатли Имомназаров аз субҳи чоршанбе ҳазорон нафарро ба майдони марказии Хоруғ рехт. Тазоҳурот 2 рӯз давом карда, шоми панҷшанбе бо ахзи тавофуқ дар мавриди хуруҷи нирӯҳои давлатӣ поён ёфт.
Таъйиди расмии хуруҷи 250 сарбоз аз Хоруғ
