Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон меравад


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми як сафари корӣ дар охири моҳи ҷорӣ вориди Теҳрон хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сафар дар ҳамоиши сарони кишварҳои Ҷунбиши адами тааҳҳуд, ки қарор аст рӯзҳои 29 то 31-уми август доир шавад, ширкат хоҳад кард.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ин сафар изҳори беиттиллоӣ кард. Аммо як манбаи мӯътамад дар сафорати Эрон дар Душанбе баргузории сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳронро таъйид карда гуфт, ки интизор меравад дар саммити роҳбарони ин Ҷунбиш Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ низ дошта бошад.

Ин манбаъ гуфт, ки қабл аз саммити лидерони Ҷунбиши адами тааҳҳуд дар Теҳрон, нишасти коршиносон аз кишварҳо, сипас вузарои хориҷӣ баргузор хоҳад шуд.

Ин манбаъ афзуд, ки интизор меравад дар ҳошияи ин нишаст дидор ва мулоқоти Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва дар он масоили ҳамкориҳои дуоҷниба авзоъ дар минтақа ва ҷаҳон баррасӣ шавад.

Ҷунбиши адами тааҳҳуд, як созмони байнулмилалист, ки 118 давлати ҷаҳонро дар бар гирифтааст. Ин кишварҳо аҳд кардаанд, ки шомили ҳеҷ яке аз эътилофҳои ҷаҳонӣ нашаванд. Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ба унвони кишвари нозир ширкат хоҳад кард, зеро ин кишвар шомили ин ҷунбиш нест.

Ин созмони байналмилалӣ дар соли 1961 ташкил ёфта ва то кунун 15 навбат роҳбарони он нишаст барпо кардаанд. Нишасти охири сарони Ҷунбиши адами тааҳҳуд моҳи июли соли 2009 дар Миср баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG