Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқоти Тоҷикистону Туркманистон дар бораи ҳамкориҳо


Дирӯз дар ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Туркманистон ин ду кишвар ба тавофуқ расиданд, ки Туркманистон судури маводи сӯхт ва нируи барқ ба Тоҷикистонро аз сар мегирад.

Тоҷикистон мехоҳад барои корхонаи алюмини худ ё Талко аз Туркманистон кокси нафтӣ бигирад. Масалан, солҳои 2008-2010 Тоҷикистон аз ин кишвар 250 000 тон кокс гирифтааст.

Гузашта аз ин, Тоҷикистон метавонад аз Туркманистон маводи нафтӣ, нируи барқ, рӯғани пахта, семент ва маҳсулоти бофандагӣ бигирад. Аммо Ашқобод мехоҳад, ки аз Тоҷикистон алюмин ворид кунад.
XS
SM
MD
LG