Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел ва Олланд бо Самарас мулоқот мекунанд


Қарор аст, Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ва Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса ба таври алоҳида бо Антонис Самарас-нахуствазири Юнон мулоқот ва бо вай бӯҳрони қарзро баррасӣ кунанд.

Дирӯз Ангела Меркел-нахуствазири Олмон гуфт, вай Юнонро ташвиқ хоҳад кард, ки ислоҳотро пеш бибарад. Анҷоми ин ислоҳот шарти дарёфти қарзҳои байналмиллалӣ барои рафъи бӯҳрон дониста мешавад. Хонум Меркел қабл аз мулоқоташ бо Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, Юнон бояд ӯҳдадориҳои худро иҷро кунад.

Олланд изҳор дошт, ба худи Юнон вобаста аст, ки барои боқӣ мондан дар қаламрави истифодаи пули евро “талошҳои зарурӣ”-ро анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG