Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "паноҳандагони Сурия ба кумак эҳтиёҷ доранд"


Валерӣ Амос-ҳамоҳангсози кумакҳои башарии СММ
Валерӣ Амос-ҳамоҳангсози кумакҳои башарии СММ
Созмони ҳомии ҳуқуқи башар Амнести Интернешенел мегӯяд,бо тавсеаи бархӯрдҳои мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ошӯбгарон дар бузургтарин шаҳри Сурия-Ҳалаб мизони хушунат хеле ҳам боло рафтааст. Дар гузориши ин созмон гуфта мешавад, ки сабаби талафоти зиёди мардуми осоишта ин аст, ки нерӯҳои ҳукуматӣ силоҳи вазнин ба монанди бомбаҳову тӯпхона ва гулӯлаандозро истифода мебаранд. Амнести Интернешенел ҳамчунон гуфтааст, ки Ҳалаб бо камбуди ғизо мувоҷеҳ асту баъзан кӯдакон дар навбати озуқа ба ҳалокат расидаанд. Раҳбари бахши кумакҳои СММ хонум Валерӣ Амос ҳам дирӯз баъди баъди бозгашташ аз Сурия гуфт:
“Дар муқоиса бо сафари пештараам, ки дар моҳи март ба вуқӯъ пайваста буд, вазъи Сурия боиси нигаронии бештар шудааст. Тибқи иттилои расмии ҳукумати Сурия ҳозир як миллиону 200 ҳазор нафар дар биноҳои ҷамъиятӣ ва хонаҳои ёру дӯстон паноҳ бурдаанд. Ҳам онҳое, ки фирор кардааанд ва ҳам онҳое, ки фирориёнро қабул кардаанд, ба кумаки башарӣ эҳтиёҷ доранд.”
Дирӯз сарвазири Британия Дейвид Камерон ҳам бо президенти ИМА Барак Обама ҳамовозӣ намуда, ба Сурия ҳушдор дод, ки истифодаи силоҳи химиявӣ комилан ғайри қобили қабул аст.
XS
SM
MD
LG