Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ куштори Имомназар Имомназаровро маҳкум кард


Имомназар Имомназаров
Имомназар Имомназаров
Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 23-юми август бо пахши изҳороте куштори Имомназар Имомназаров, фармондеҳи собиқи ИНОТ дар Хоруғро маҳкум ва онро “амали ноҷавонмардона” хонд. ҲНИТ дар изҳороти худ гуфтааст, Имомназаров барои ба эътидол овардани вазъ баъд аз амалиёти низомии нерӯҳои давлатӣ дар Бадахшон дар моҳи гузашта саҳми бузург дошт. “Аммо аз фурсат истифода карда, бадхоҳони миллат ва субот даст ба куштори ӯ зада, вазъияти ин минтақаро дубора ноором сохтанд ва бовари мардумро барои ҳалли осоиштаи ин ҳолати бӯҳронӣ зери суол бурданд”,-омадааст дар изҳорот.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз мақомоти давлатӣ давъат кардааст, ки “ба хотири таъмини амну субот ва волоияти қонун дар минтақа қотилони И.Имомназаровро ҳарчи сареътар боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашад.” Ҳамчунин ин ҳизб гуфтааст, аз ҳама иқдоми сулҳҷӯёна дар Бадахшон ҷонибдорӣ карда, “ягона роҳи ҳалро дар идомаи муколама ва роҳҳалҳои мусолиматомез мебинад.”
XS
SM
MD
LG