Имрӯз дар Берлин канслери Олмон Ангела Меркел бо президенти Фаронса Франсуа Олланд бӯҳрони молии Юнонро баррасӣ мекунанд. Мулоқот дар ҳоле баргузор мегардад, ки Юнон барои иҷрои ислоҳоти иқтисодӣ вақти бештар талаб кардааст. Дар муқобили ислоҳоти иқтисодӣ кишварҳои аврупоӣ ва созмонҳои байналмилалии молӣ ба Юнон 240 миллиард евро қарз ваъда додаанд, ки ин кишварро аз варшикастагии молӣ ва ихроҷ аз минтақаи гардиши евро наҷот медиҳад.
Сарвазири Юнон Антонис Самарас талаб кардааст, ки барои иҷрои ислоҳоти иқтисодӣ ва коҳиши хароҷоти давлатӣ ба кишвараш на ду сол, балки чор сол дода шавад. Ӯ мегӯяд:
“Мо ба таври ҷиддӣ ба сӯи устуворӣ ҳаракат дорем. Мо ӯҳдадор шудаем, ки тамоми ҳадафҳоямонро шарафмандона ба хотири берунрафт аз бӯҳрон иҷро кунем.”
Посух ба ин дархости сарвазири Юнон нашр нашудааст.
Рӯзи панҷшанбе вазири молияи Олмон Волфганг Шойбле гуфт, ки тақдими вақти иловагӣ ба Юнон ҳеҷ мушкилеро ҳал нахоҳад кард. Ӯ афзуд, ки вақти бештар маънои онро дорад, ки пули бештар зарур хоҳад шуд.