Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Туркия дар Қирғизистон бемор шуд


Раҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон дар нишасти Бишкек
Раҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон дар нишасти Бишкек
Хабаргузориҳои расмии Қирғизистон гузориш медиҳанд, ки аз сабаби беморӣ президенти Туркия Абдулло Гул сафараш ба ин кишварро қатъ кард. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, ки президенти Туркия шамол хӯрда буд ва ҳамчунон гӯшаш ӯро азият медод. Президент Гул барои ширкат дар нишасти раҳбарони Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон ба Бишкек рафта буд. Дар ин нишасти байналмилалӣ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва сарвазири Озарбойҷон Артур Расизода ширкат варзиданд. Ҳайати Туркманистон ба ҳайси нозир ба ин нишаст даъват шуда буд. Тибқи хабарҳо дар Бишкек раҳбарони кишварҳои узви Шӯро ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маорифро баҳс кардаанд. Шӯро дар соли 2009-ум таъсис ёфтааст ва Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия аъзои он мебошанд.
XS
SM
MD
LG