Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи нави Узбакистон нуҷумшиносонро ҳайрон кард


Ситорашиносони Узабкистон аз кашфи як шаҳоби осмонӣ гузориш доданд, ки гуфта мешавад 13 сол пеш маълум будааст.

Расонаҳои Узбакистон бо ифтихор гузориш медиҳанд, ки дар арафаи ҷашни 21-умин солгарди истиқлоли ин кишвар ситорашиносони узбак як шаҳоби осмониро кашф намуда, онро ба шарофати расадхонаи Майдонаки ин кишвар “Майдонак” ном гузоштаанд. Вале баъзе донишмандон мегӯянд, ки ин кашфиёт каме дер омад.

Ҳафтаи равон расонаҳои Узбакистон дар бораи як дастоварди муҳими мунаҷҷимони ин кишвар иттилоъ доданд. Ба навиштаи онҳо дар арафаи таҷлили 21-умин солгарди истиқлол ситорашиносони узбак як шаҳоби нави осмониро кашф намуда, онро ба шарофати расадхонаи маъруф “Майдонак” номидаанд.

Расонаҳо кашфи шаҳобро яке аз бузургтарин тӯҳфаҳо ба рӯзи истиқлоли ин кишвар унвон кардаанд. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ раиси пажӯҳишгоҳи ситорашиносии академияи Улуми Узбакистон Шӯҳрат Эгамбердиев гуфт, шаҳоби рақами 22948 бо пешниҳоди мунаҷҷимони узбак “Майдонак” ном гирифт, ки худ дастоварди бузурги донишмандони ин кишвар аст:
Кашфиёти сайёраву шаҳоб зиёд ба вуқӯъ мепайвандад, вале аксари онҳо ҳеҷ ба гирифтани ном муваффақ намешаванд. Вале пешниҳоди донишмандони узбак дар бораи “Майдонак” ном гирифтани шаҳоби рақами 22948 эътиирофи кори расадхонаи мо мебошад”.

Вале ин шаҳоби кашфшуда, яъне шаҳоби осмонии рақами 22948 як мушкил дорад: ҷисми осмонӣ таҳти 22948 дуюми октябри соли 1999 дар яке аз расадхонаҳои аёлати Аризонаи ИМА кашф шуда буд, аммо маълум нест, ки он замон ба ин шаҳоби осмонӣ ном гузошта буданд ё не.

Ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳоби осмонии Майдонак дар моҳи майи соли 2012-ум дар рӯйхати сайёраҳои хурди маркази ситорашиносии Ҳарвади ИМА пайдо шудааст.
Моҳи августи соли 2010-ум ситорашиносони узбак як шаҳоби осмонии дигареро ҳам кашф карда буданд ва президенти Узбакистон Ислом Каримов онро Самарқанд номид. Воқеан дар асри 15 Самарқанд яке аз марказҳои пешрафтаи илми нуҷумшиносии ҷаҳонӣ ба шумор мерафт, вале имрӯз кашфи як ва ё ду шаҳоби осмониро бо душворӣ метавон дастоварди бузург номид. Барои мисол Маркази миллии кайҳоншиносии ИМА-NASA, то кунун кашфи 588855 шаҳоби осмониро сабт кардааст ва тахминан ҳар рӯз ин идора шаҳобҳои нав кафш мекунанд.
XS
SM
MD
LG