Варзишгари маълули тоҷик Парвиз Одинаев барои ширкат дар Бозиҳои паралимпӣ ба Лондон рафт. Ӯ танҳо варзишгарест, ки Тоҷикистонро дар ин сабқати ҷаҳонии варзишгарони маълул намояндагӣ хоҳад кард. Парвиз Одинаев дар риштаи вазнабардорӣ дар вазни 75 кило рақобат хоҳад кард. Бозиҳои паралампии Лондон 29 август оғоз хоҳанд ёфт.
Парвиз Одинаев ба Лондон рафт
