Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири пешини Русия дар Тоҷикистон хонаву замин доштааст


Рамазон Абдулатипов
Рамазон Абдулатипов
Матбуоти Русия хабар додааст, ки Рамазон Абдулатипов-муовини раиси кумитаи Думаи Давлатӣ роҷеъ ба масоили худидории маҳаллӣ ва сафири пешини Русия дар Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон дороӣ доштааст.

Бино ба хабаре, ки дар торнамои Думаи Давлатӣ ба чоп расондааст, сафири пешини Русия 3127 метри мураббаъ замин ва 122, 20 метри мураббаъ манзили зист доштааст.

Қонунҳои Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ моликиятро мамнӯъ медонанд. Аммо ононе, ки шаҳрвандии ифтихорӣ доранд, истисно мебошанд. Абдулатипов шаҳрванди ифтихории Тоҷикистон нест.
XS
SM
MD
LG