Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди муовини нахуствазири Сурия аз Маскав


Қадрӣ Ҷамил-муовини нахуствазири Сурия мегӯяд, ки то оғози музокирот дар бораи оштии миллӣ истеъфои президент Башор Асад имкон надорад.

Дар ҳамин ҳол, баъд аз музокира бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия Қадрӣ Ҷамил гуфт, имкони баррасии ин масъала вуҷуд дорад.

Рӯзи сешанбе Русия аз ҳукумати Сурия бар зидди таҳдиди дахолати хориҷӣ дифоъ кард. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки дар сурати истифода аз аслиҳаи кимёӣ тавассути режими Сурия Амрико ба ҳолати омодабош хоҳад даромад ва омодабошро ба “хати сурх” мегузаронад.

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, танҳо коре, ки бозигарони байналмиллалӣ метавонанд анҷом диҳанд, ин аст, ки заминаи музокироти миёни Башор Асад-раиси ҷумҳур ва размандагони мухолифинро фароҳам оранд. Вай ин нуктаро баъд аз мулоқоташ бо Қадрӣ Ҷамил-муовини нахуствазири Сурия дар Маскав изҳор дошт. Лавров гуфт, ки рӯзи сешанбе бо мақомоти Сурия “дар бораи “оштии миллӣ” ҳусни тафоҳум ба вуҷуд омадааст.

Лавров мегӯяд, чунин шароит заминаи қатъи хунрезӣ ва анҷоми музокироти муқаддамотиро фароҳам меорад.
XS
SM
MD
LG