Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон низоми якҳизбӣ ба поён расид


Дар Туркманистон ба таври расмӣ низоми якҳизбӣ ба поён расид. Рӯзи сешанбе дар ин кишвар ҳизби дуввум ташкил шуд ва он доираҳои соҳибкоронро дар бар мегирад.

Бино ба иттилои хабаргузории давлатии Туркманистон, бештар аз 300 намоянда аз маҳофили мухталифи тиҷоративу саноатӣ анҷумани муассиси Ҳизби кормандони саноат ва соҳибкоронро ташкил карданд.

Интизор меравад, ки баъд аз интихоботи порламонии соли 2013 дар порламон намояндагони ҳизби нав низ ҳузур пайдо кунанд.

Бо вуҷуди ин таҳлигарон мегӯянд, ки низоми нав режими худкомаро ба сӯи демократия чандон ҳидоят намекунад.

Аз соли 1991 то ҳол дар Туркманистон танҳо Ҳизби Демократӣ фаъолият мекунад ва он ҳам ҳамон Ҳизби Куммунисти давраи Шӯравист.
XS
SM
MD
LG