Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NGO-ҳои Амрико метавонанд то $300 000 ба Эрон кӯмак кунанд


Амрико мегӯяд, ки барои осон кардани ирсоли кӯмакҳо ба осебдидагони зилзилаи 11 август дар Эрон муҷаввизи умумӣ содир кардааст. Вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфтааст, ки ин муҷаввиз то 5 октябр эътибор хоҳад дошт.

Бар асоси ин муҷаввиз, созмонҳои ғайридавлатии Амрико метавонанд ба Эрон ба арзиши то 300 000 доллар кӯмак бифиристанд. Ин пулҳо бояд барои расондани кӯмак ба осебдидагон ва кӯмакҳои башарӣ истифода шавад.

Созмонҳои ғайридавлатӣ барои фиристодани кӯмак ба арзиши бештар аз 300 000 доллар бояд муҷаввизи махсус дарёфт кунанд.

Дар ду зилзилаи ахири дар шимоли ғарби Эрон бештар аз 300 нафар кушта, афроди зиёд маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG