Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни бомбгузорӣ дар Туркия афзуд


Теъдоди қурбониёни бомбгузорӣ дар шаҳри Ғозиёнтапи Туркия ба 9 нафар расидааст. Бесир Аталай, муовини нахуствазири Туркия гуфт, дар ин бомбгузории рӯзи гузашта ҳамчунин чаҳор кӯдак ҷон бохтаанд. Яке аз ин кӯдакон духтараки 12-сола бар асари захмҳои бардоштааш дар бомбгузорӣ имрӯз ҳалок шудааст. Бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дар наздикии як қароргоҳи пулиси Туркия ҳамчунин 70 нафари дигар захмӣ шудаанд ва вазъи чаҳор нафари онҳо бисёр бад будааст. Мақомоти Туркия бомбгузориро кори дасти Ҳизби Коргарии Курдистон хонданд, аммо як торнамои марбут бо ин ҳизб имрӯз гуфт, ҳамла кори дасти онҳо нест.
XS
SM
MD
LG