Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, иддаъоҳои Ассанж беасос аст


Ҳукумати Амрико мегӯяд, Ҷулиан Ассанж, муассиси торнамои Викиликс бо “иддаъоҳои беасосе” дар бораи таъқиби эҳтимолиаш дар Амрико, мехоҳад, таваҷҷӯҳро аз иттиҳомоти аслиаш ба дигар тараф кашад. Ҷулиан Ассанжро ба азияту озори ҷинсии ду зан дар Шветсия муттаҳам мекунанд. Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, парвандаи Ҷулиан Ассанж ҳеҷ иртиботе ба Амрико ва ё Викиликс надорад ва истирдоди ӯ ба Шветсия, танҳо кори Бритониё аст, ки Ҷулиан Асанж дар сафоратхонаи Эквадор дар он кишвар паноҳ бурдааст. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, рӯзи душанбе ҳукумати Эквадорро барои паноҳгоҳ додан ба Асанж накӯҳиш кард. Худи Ассанж дирӯз дар як суханронӣ аз балкони сафоратхонаи Эквадор, аз Амрико хост, ба гуфтаи худаш ба азияту озори ӯ хотима дода ва таъқиби Викиликс ва тарафдорони онро бас кунад.
XS
SM
MD
LG