Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Беларус аз мақом барканор шуд


Вазири пешин ва вазири нав
Вазири пешин ва вазири нав
Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус Сергей Мартинов-вазири корҳои хориҷаи ин кишварро аз мақомаш барканор кард. Уладзимер Макей-раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурӣ вазири нав таин шуд.

Мартинов аз соли 2003 вазири корҳои хориҷа буд. Дафтари раёсати ҷумҳурӣ гуфтааст, ки Мартинов ба сабаби гузаштан ба кори дигар аз мақом барканор шудааст.

Рӯзи душанбе Иттиҳодияи Аврупо дар изҳороти худ гуфт, ки Макей-вазири нав дар феҳристи ононе қарор дорад, ки иҷозаи сафар ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро надорад.
XS
SM
MD
LG