Рӯзи душанбе дар шаҳри Ҳалаби Сурия як рӯзноманигори Ҷопон бо номи Мика Ямомото кушта шуд. Се рӯзноманигори дигар бедарак шудаанд.
Сафорати Ҷопон дар Сурия куштори хонум Ямомоторо таъйид кард. Фаъолони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ки Ямомото ҳангоми тирандозиҳо дар минтақаи Сулаймония кушта шудааст. Дар ин минтақа аз чанд ҳафта ба ин сӯ даргирӣ миёни нируҳои давлдатӣ ва шӯришиён идома дорад.
Се рӯзноманигори бедаракшуда турк, лубнонӣ ва як гузоришгари араб будаанд, ки барои матбуоти Амрико кор мекарданд. То ҳол ин хабарро манобеи мустақил таъйид накардаанд.