Имрӯз боздиди Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон аз Қирғизистон оғоз мешавад. Ин боздиди давлатист ва дар 20 соли истиқлол бори аввал сурат мегирад.
Дар ҷараёни ин боздид ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои стратегӣ гуфтугӯ мекунанд. Дар поёни музокироти ҷонибҳо имзои чанд мувофиқатномаи ҳамкорӣ ва эъломияи густариши равобити дуҷониба дар назар аст.
Дар ҷараёни боздиди Назарбоев ҳамзамон Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Қирғизистон баргузор мешавад.