Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди афғон дар либоси пулис сарбози хориҷиро парронд


Нируҳои НАТО дар Афғонистон мегӯянд, як мард дар либоси пулиси афғон рӯзи якшанбе дар ҷануби ин кишвар як низомии нируҳои байналмиллалиро ба қатл расондааст. Ин охирин ҳодисае аз силсилаи ҳамлаҳои нируҳои амниятии афғон аст, ки ба сӯи нируҳои байналмиллалӣ тир холӣ мекунанд.

НАТО ва нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ ё ISAF ба ин ҳодиса расидагӣ мекунанд.

Рӯзи якшанбе Леон Панетта-вазири дифои Амрико аз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон даъват кард, ки ба чунин ҳамлаҳои дохилӣ бар зидди нируҳои байналмиллалӣ дар Афғонистон хотима диҳанд.
XS
SM
MD
LG