Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Иди Фитр-ро таҷлил мекунад


Дар саросари Тоҷикистон имрӯз Иди Фитр поёни моҳи Рамазонро таҷлил мекунанд. Субҳи имрӯз дар ҳамаи масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон бо ширкати ҳазорон тан аз мардуми эътиқодманд намози ид баргузор шуд. Баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991-ум, рӯзҳои баргузории идҳои мазҳабӣ, иди Фитр ва иди Қурбонро таътил эълом карданд ва аз он замон то кунун ин идҳо бо ширкати мақомоти расмӣ баргузор мешаванд. Аммо аз он ки рӯзи Иди Рамазони имсола ба рӯзи якшанбе рост омад, бо қарори ҳукумат рӯзи душанбе дар саросари кишвар таътил эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG