Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад дар мазҳари ом ҳозир шуд


Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия имрӯз дар яке аз масҷидҳои шаҳри Димишқ ҳозир шуда ва намози Иди рамазон гузошт. Бори аввал аст, ки раиси ҷумҳури Сурия баъди ҳалокати чаҳор мақоми баландпояи вазорати дифоъ дар як бомбгузорие дар рӯзи 18 июл дар мазҳари ом дида мешавад. Бори охир Башшор Асад рӯзи чаҳоруми июл зимни суханронӣ дар порлумон дида шуда буд. Агарчӣ ӯ дар иҳотаи баъзе аз мақомоти расмии Сурия буд, аммо Форуқ ал-Шаръ муовинаш ӯро ҳамроҳӣ намекард, ки бино ба баъзе аз гузоришҳо ба сафи мухолифини давлати Башор Асад пайвастааст. Аммо дафтари Форуқ ал-Шаръ ин гузоришҳоро рад кардааст. Айни замон бино ба гузоришҳо ҷанг миёни нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиёни Сурия дар шаҳри Ҳалаб идома дорад.
XS
SM
MD
LG