Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як маргталаб 6 маъмури пулиси ингушро куштааст


Бино ба гузоришҳои тоза аз Ингушистони Русия, як бомбгузори маргталаб имрӯз шаш корманди пулис куштааст. Раёсати кумитаи тафтишотии Русия дар Ингушистон гуфт, таркиш зимни маросими мотами маъмури пулиси дигар Илезир Коригов ба вуқӯъ пайвастааст, ки ӯ дар як даргирӣ дар рӯзи шанбе кушта шуд. Ҳамкоронаш барои таъзия ба хонаи ин нафар дар шаҳри Малгобек ҷамъ омада будаанд. Дар натиҷаи таркиш ҳамчунин чанд тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Таҳқиқ дар ин замина шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG