Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон вақти намози Иди Фитр эълон шуд


Саидмукаррам Абдулқодирода-раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон 17 август пас аз намози ҷумъа эълон кард, ки тибқи қарори Шӯрои уламо субҳи барвақти рӯзи якшанбе, 19 август дар соати соати 7-у 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ намози Иди Фитр дар Маcҷиди марказӣ хонда мешавад ва ӯ таъкид кард, ки дар тамоми Тоҷикистон дар ҳамин вақт намоз адо карда шавад.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо баргузории ҷаласа бо ширкати имомхатибҳо дар оғози ин моҳи барои мусалмонони кишвар муборак масъалаи мушаххас кардани ҳаҷми закот ва садақаи фитри мусалмонони Тоҷикистонро маълум кард.

Бо назардошти вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум, агар тавони молӣ ва пасандози солонаи фард ба 3 ҳазору 480 доллар ё ба 16 ҳазору 878 сомонӣ баробар бошад, метавонад 87 доллар ё 422 сомонӣ ба мардуми ниёзманд бидиҳанд.
Вале ҳаҷми фитри рӯза барои ҳар сокин дар ҳаҷми се сомонӣ муқаррар шудааст.
XS
SM
MD
LG