Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Турсуной Зокирова барои ятимон хона месозад


Турсуной Зокирова
Турсуной Зокирова

Экстрасенси маъруфи тоҷик бунёди як бинои 5 ошёнаро сармоягузорӣ мекунад, ки 40 дарсади ҳуҷраҳои онро сокинони бекасу бехона мегиранд.

Ҳоло пойдевори ин бино гузошта шуд ва ба гуфтаи Убайдулло Анваров, ёвари хонум Зокирова, қарор аст бунёди он то соли 2014 анҷом шавад.

Ӯ мегӯяд, Турсуной ятимпарвар аст ва бисёр вақт бачаҳои ятимро бо мошини худ ба Маркази Кӯдакон мебарад, ки онро ҳам худаш сармоягузорӣ кардааст.

Ба гуфтаи Убайдулло Анваров, баъди бунёди бино як комиссияи махсус, калиди ҳуҷраҳоро ба оилаҳои мӯҳтоҷ тақдим хоҳад кард. Ӯ гуфт, ки чанде қабл хонум Зокирова аз шаҳри Маскав ба ватан баргашт, вале билофосила ба нияти адои ҳаҷҷи умра озими Макка шуд.

Бори аввал аст, ки як шаҳрванди оддии Тоҷикистон ба хотири кумак ба ятимону бечорагон манзили зист бунёд мекунад. Дар ҳоли ҳозир арзиши манзил дар Хуҷанд боло рафта, қиммати хонаи якҳуҷрагӣ дар канораҳои Хуҷанд 10 - 12 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст.

Мақомоти Суғд борҳо гуфтаанд, ки ҳукумат барои кӯмак ба мардуми бебизоат, махсусан таъмини онҳо хонаҳои ройгон маблағ надорад ва умедворанд, ки сармоягузорони маҳаллӣ ба хотири ободии маҳалу мадад ба мардум дар ин корҳои хайр саҳм бигиранд.

Хонум Зокирова соли гузашта дар шаҳри Қайроқум аз пули худ як маркази тафреҳию омӯзишӣ барои атфол боз карда буд. Инчунин, ба гуфтаи Убайдулло Анваров, дасти саховати хонум Турсуной барои беморону дармондагон ҳамеша боз аст.

Саодат Худойдодова, як ҷавонзани танҳо аз шаҳри Хуҷанд, ки барои ҷарроҳии дили писараш аз ёрии Турсуной баҳра дидааст, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:
«Писари 7 солаам Фарҳодҷонро худо бо ёрии Турсуной умри дубора бахшид, вай касалии модарзодии дил дошт ва духтурон мегуфтанд, ки бе ҷарроҳӣ умри зиёд намебинад. Ман шавҳар надорам ва бо 3 фарзандам дар хонаи падарам зиндагӣ мекунам. Барои ҷарроҳӣ пул наёфта, сарсону саргардон ва ғамгин будем. Баъд бо маслиҳати дӯстон аз апаи Турсуной ёрӣ хостем, ки рад накарданд, барои ин як умр миннатдорам.”

Турсуной Зокирова, ду сол қабл, баъди пирӯзӣ дар сабқати миёни экстрасенсҳо дар Русия, ки аз ҷониби шабакаи телевизионии ТНТ - и ин кишвар бо номи “Битва эксрасенсов” роҳандозӣ мешавад, шӯҳрат пайдо кард.
XS
SM
MD
LG