Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эквадор ба Ассанж паноҳгоҳи сиёсӣ дод



Вазири умури хориҷии Эквадор рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки кишвараш ба Ҷулиан Ассанж, муассиси торнамои Викиликс паноҳгоҳ медиҳад, Рикардо Патино бо баршумурдани аҳдномаҳои байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи инсон гуфт, ҳукумати кишвараш аз ҳукуматҳои Бритониё, Шветсия ва Амрико посухҳои қонеъкунандае нагирифт, ки Ҷулиан Ассанж муҳокимаи одилона хоҳад шуд ва ё барои муҳокима ба кишвари саввум истирдод нахоҳад шуд. Ӯ афзуд: “Ҳукумати Эквадор бо эътиқод ба анъанаи муҳофизати онҳое, ки дар қаламрав ва ё намояндагиҳои дипломатиаш паноҳгоҳ мехоҳанд, қарор кард, ки ба Асанж паноҳгоҳ бидиҳад." Рикардо Патино дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Китто, Бритониёро барои ончӣ ки таҳдид ба Эквадор хонд танқид кард. Ҷулиан Ассанж моҳи июн дар сафорати Эквадор дар Ландан паноҳ бурд. Бритониё мехост, Ҷулиан Ассанжро, ки ба озору азияти ҷинсии ду зан дар Шветсия муттаҳам мешавад ба он кишвар истирдод кунад.
XS
SM
MD
LG