Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқати Русияву Қирғизистон бар сари пойгоҳ


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар мавриди тамдиди ҳузури пойгоҳҳои Русия дар кишвар ба мувофиқа расиданд. Сафар Исоқов, раиси шӯъбаи равобити хориҷии дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистон ба хабарнигорон гуфт, ду тараф ба созиш расиданд, ки мӯҳлати ҳузури пойгоҳҳои Русия дар Қирғизистон 15 сол бошад, на 49 соле, ки Русия мехост. Замони ҳузури баъзе аз таъсисоти низомии Русия дар Қирғизистон соли 2017 ба поён мерасад ва созишномаҳо баъди он ҳукми иҷро мегиранд. Ба гуфтаи Сафар Исоқов, музокирот сари ҳаққи иҷора барои пойгоҳҳо ҳанӯз идома дорад. Русия айни замон барои пойгоҳи Кант дар наздикии шаҳри Бишкек солона 4,5 миллион доллар мепардозад.
XS
SM
MD
LG