Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон масъули ҳамла ба пойгоҳи Покистон


Бино ба гузориши бахши покистонии Радиои Озодӣ, Толибони Покистон, масъулияти ҳамлаи рӯзи панҷшанбе ба як пойгоҳи ҳавоии кишварро бар дӯш гирифтанд. Аҳсанулло Аҳсан, ки худро сухангӯи гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон муаррифӣ мекунад, таъйид кард, ки нӯҳ ҷангҷӯе, ки ба пойгоҳи ҳавоии Минҳос дар шаҳри Камра ҳамла карданд, кушта шуданд. Дар ҷараёни набарди дусоата бо ҷангҷӯён як сарбози ҳукумат ҷон додааст. Дар пойгоҳи мазкур, ҳавопаймоҳои гуногуни ҷангӣ аз ҷумла F-16 нигаҳ дошта мешаванд. Аҳсанулло Аҳсан гуфтааст, ки ҷангҷӯёни Толиб чунин ҳамлаҳо ба таъсисоти низомӣ ва сарбозони Покистонро идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG