Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки ҲНИТ ба осебдидагони амалиёти Хоруғ


Беш аз 40 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои башардӯстонаи ҲНИТ ба осебдидагони ҳаводиси ахири Бадахшон тақсим шудааст.

Муҳаммадалӣ Ҳайитов, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, ки ин маблағ тавассути фаъолони ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ ва масъули созмони хайрияи «Дасти ёрӣ» ба хонаводаҳои афроди осебдида расонида шуд.

Манбаъ афзуд, ки ин маблағ барои ҳар нафаре, ки дар ин ҳодиса зарар дидааст ва новобаста аз мансубияти ҳизбӣ, тақсим шудааст. Ҷаноби Ҳайитов гуфт, ки исми нафарони аз ин кӯмакҳо бархӯрдор шуда дар як феҳристи хос ворид шуда ва барои риояти шаффофият, ҳар кадоме аз кӯмакгирифтаҳо имзои худро мегузоранд.

Кӯмакҳои ҲНИТ ба мардуми осебдидаи Бадахшон дар ҳоле тақсим карда мешавад, ки ба иттиллои як манбаъ дар шаҳри Хоруғ, бархе аз аҳолии ин шаҳр аз гирифтани ёриҳои фиристода аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон даст кашидаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ин авохир дар 82 мошини борбари «КаМаз» барои сокинони Бадахшон кӯмак фиристод, ки ҷараёни ҳаракати мошинҳо аз пойтахт ба самти Хоруғро шабакаҳои телевизионии кишвар борҳо нишон доданд. Аммо то кунун аз ҷараёни тақсими ин кӯмакҳо ба мардум кадом наворе ба нашр нарасидааст.

Ба гуфтаи мақомоти Комиссияи ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Хоруғ, бар асари амалиёти рӯзи 24-уми июл дар Хоруғ ба беш аз 500 манзили маскунӣ ва идораву муассисаҳо ба маблағи 1 миллиону 118 ҳазор сомонӣ зиён расидааст. Аз ин ҳисоб, ширкати “Помир Энержӣ” 300 ҳазор, идораи роҳсозӣ 75 ҳазор, идораи фарҳанги маркази вилояти Бадахшон 35 ҳазор сомонӣ зарар дидаанд.

Баъд аз қатли генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи Давлати Амнияти Миллӣ дар Бадахшон дар рӯзи 21-уми июл, маъмурони амниятии Тоҷикистон рӯзи 24-уми июл амалиёти вижаеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ шурӯъ карданд, ки дар натиҷаи он 42 нафар, аз ҷумла, 30 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ ва 12 нафар аз маъмурони амниятӣ кушта шуданд ва 23 тани дигарашон захм бардоштанд. Ба гуфтаи мақомот ҳамчунин 40 нафар аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG