Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эквадор имрӯз ба Ассанж посухашро хоҳад дод


Ҷуллиан Ассанж
Ҷуллиан Ассанж
Интизор меравад, Эквадор имрӯз посухаш ба дархости паноҳандагии асосгузори сомонаи пурмоҷарои WikiLeaks Ҷуллиан Ассанжро эълон кунад. Ассанж аз 19 июн ба хотири наҷоти худ аз истирдод ба Шветсия дар сафорати Эквадор дар Лондон паноҳ мебарад. Дар Шветсия ӯро ба бадрафтории ҷинсӣ айбдор мекунанд. Ассанж ва сомонааш бо нашри ҳазорон номаҳои маҳрамонаи сафоратҳои Амрико маъруф шуд. Ӯву тарафдоронаш мегӯянд, имкон дорад, ки Шветсия баъдан ӯро ба Амрико мустарид кунад.
Вазири хориҷаи Эквадор Рикардо Патино гуфт, Бритониё таҳдид кардааст, ки агар Ассанжро насупоранд, ба сафорати ин кишвар дар Лондон ҳамла хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG