Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Кобулу Исломобод дар як масъалаи ҳассос


Афғонистону Покистон ҷиҳати таҳқиқи мавҷи ахири ҳамлаҳои фаромарзӣ, ки боиси таниш байни ду ҳамсоя шуд, тавофуқ кардаанд. Аймал Файзӣ - сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, барои анҷоми таҳқиқот як ҳайъати муштараки низомӣ ба марз эъзом хоҳад шуд. Карзай бо ҳамтои покистониаш Осифалӣ Зардорӣ ин мавзӯъро дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Саудия баррасӣ карда, хостори қатъи ин ҳамлаҳо шуд.
XS
SM
MD
LG